31.07.2014
Қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ муътадил аст
Ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ муътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 5,0470-5,0660 сомониро ташкил дод.
Чун ҳафтаи гузашта қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро андаке паст шуда, мувофиқан 0,1420-0,1470 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,7780-6,8040 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
Имрӯз, 31 июл қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,0460-5,0640 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,0550-5,0650 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,0400-5,0600 сомониро ташкил намуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ