Қурби долл. ИМА андаке баланд, вале қурбҳои рубли русӣ ва евро каме паст шуданд

Бойгонии ахбор
07.08.2014

Қурби долл. ИМА андаке баланд, вале қурбҳои рубли русӣ ва евро каме паст шуданд

    Ин ҳафта дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна ба 5,0606-5,0790 сомониро ташкил намуд.
    Дар ин давра қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро андаке паст гардида, мувофиқан 0,1400-0,1420 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,7480-6,7740 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
     7 август қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,0720-5,0930 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,0700-5,0900 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,0700-5,0900 сомонӣ ташкил намуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку