14.08.2014
Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро тағйир наёфтанд
Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ҳафтаи равон қурби долл. ИМА андаке баланд шуда, ба ҳисоби миёна 5,0870-5,1090 сомониро ташкил дод.
Вале дар ин миён қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро бетағйир боқӣ монда, мувофиқан 0,1400-0,1410 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,7530-6,7760 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
14 август қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,1000-5,1200 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,1100-5,1200 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,1000-5,1200 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ