14.08.2014
Тавсеаи ҳамкориҳо бо бонкҳои Аврупо
14 августи соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндаи Коммертсбонки Ҷумҳурии Федеративии Олмон мулоқот доир гардид. Дар доираи ташрифи намояндаи бонки номбурда то 15 август вохӯрӣ ва мулоқотҳои иловагӣ бо масъулини бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ низ баргузор мегарданд.
Дар рафти суҳбат роҳҳо ва соҳаҳои ривоҷу равнақи муносибатҳои тарафайн ва самтҳое, ки метавонанд густариш ёбанд, баррасӣ гашта, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Хадамоти матбуоти
БМТ