Идомаи тамоюли рӯ ба афзоиши амонатҳо

Бойгонии ахбор
26.08.2014

Идомаи тамоюли рӯ ба афзоиши амонатҳо

    Афзоиши пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ тариқи ҷалби онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ идома дорад. Бақияи амонатҳо дар охири моҳи июли соли ҷорӣ 5’943,8 млн.сомониро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 14,2 фоиз афзуд. Аз он 33,1 фоиз ё 1’966,4 млн. сомонӣ амонатҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва 66,9 фоиз ё 3 977,4 млн. сомонӣ ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд. Амонатҳои номбурда дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 4,1 ва 19,9 фоиз зиёд шуданд.
    Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ҳафт моҳи соли 2014 фоизи миёнавазни амонатҳо бо пули миллӣ 15,20 фоизи солона ва амонатҳо бо асъори хориҷӣ 11,97 фоизи солонаро ташкил намуд, ки мутаносибан ба ҳамин давраи соли рафта 0,3 банди фоизӣ паст ва 0,9 банди фоизӣ баланд шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку