Посухи мухтасар ба мақолаҳои хабарнигорони сомонаҳои “Озодӣ” ва “Азия- плюс” оиди дар рӯйхати даҳгонаи давлатҳои хатарнок дар самти пулшӯӣ ва маблағгузори терроризм қарор доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Қабл аз ҳама бояд рӯшанӣ андозем, ки муаллифони нашрияҳои номбурда ҳангоми омӯзиши масъалаҳои мазкур маълумотҳои аллакай куҳнашудаи солҳои 2011-2012 –ро мавриди таҳлил қарор додаанд.
Воқеъан, дар он солҳо қонунгузории ҷумҳурӣ ба талаботи тавсияҳои Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) пурра мутобиқ набуданд ва ҷараёни мутобиқгардонии онҳо шуруъ шуда буд. Дар давоми солҳои 2013-2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои зиёдеро андешид ва қонунугзории хешро пурра ба талаботи тавсияҳои ФАТФ мутобиқ намуд.
Хотиррасон менамоем, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи 20 Пленарии Гурӯҳи Евросиё ҷараёни рушди низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода баррасӣ гардид ва бо назардошти корҳои анҷомдода тибқи изҳороти умумии ҷаласаи номбурда Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳти реҷаи “мониторинги қатъӣ” бароварда шуда, ба реҷаи “мониторинги муқаррарӣ” дохил карда шуд.
Ҳамзамон, Котиботи ФАТФ дар ҷаласаи навбатии худ, ки моҳи июни соли равон баргузор намуда буд, ин комёбии ҷумҳуриро оиди ҷамъбасти рушди низоми мазкур тасдиқ кард ва хулосаи хешро барои баланд бардоштани мавқеъи Тоҷикистон дар ин ҷода эълон намуд.
Ба диққати хонандагони гиромӣ мерасонем, ки хулосаи ин созмонҳо дар бораи рушди низоми мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаҳои расмии онҳо
www.eurasiangroup.org ва
www.fatf-gafi.org нашр гардидааст.
Хадамоти матбуоти
БМТ