Ҳафтаи равон қурбҳои асъори хориҷӣ каме поин рафтанд

Бойгонии ахбор
28.08.2014

Ҳафтаи равон қурбҳои асъори хориҷӣ каме поин рафтанд

    Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар ҳафтае, ки идома дорад, қурби долл. ИМА каме паст шуда, ба ҳисоби миёна 5,1000-5,1200 сомониро ташкил дод.
    Ҳамчунин дар ин давра қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ андаке поин шуда, мувофиқан 0,1395-0,1410 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,7400-6,7670 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
    28 августи соли равон қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,1000-5,1200 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,1100-5,1200 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,1000-5,1200 сомониро ташкил намуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку