16.09.2014
Ҳамкории дуҷониба бо Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ вусъат меёбад
11 сентябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон Шартнома байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (Олмон) ба имзо расид.
Мақсади асосии лоиҳаи мазкур тақвият бахшидани низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути баланд бардоштани таҷрибаи мутахассисони касбии соҳаи бонкдорӣ ба сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Санади мазкур дарозмуддат буда, давраи аз 1 октябри соли 2014 то 1 сентябри соли 2017 ро дар бар мегирад. Дар назар аст, ки дар ин муддат 250 нафар мутахассисони низоми бонкии ҷумҳурӣ ба омӯзиши дуҷониба, ки бештар машғулиятҳои амалиро дар бар мегирад, фаро гирифта шаванд.
Хадамоти матбуоти
БМТ