Эълон

Бойгонии ахбор
18.09.2014

Эълон

   Ба маълумоти ташкилоту муассисаҳо расонида мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон Дастурамали №205 “Дар бораи пур намудани шакли ҳисоботи омории №1-АМ “Амалиётҳои молиявии берунаи субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ“-ро дар шакли нашрияи алоҳида чоп намуд.
    Нашрияи мазкур барои ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон таҳия шуда, баҳри дурусту дақиқ инъикос намудани маълумотҳо ҳангоми тартиб додани ҳисоботи омории №1-АМ “Амалиётҳои молиявии берунаи субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ“ нигаронида шудааст.
    Барои дастрас намудани ин нашрия, ташкилоту муассисаҳо метавонанд тавассути телефони +44-600-32-20 ва ё почтаи электронӣ (ed@nbt.tj) ба Идораи омор ва тавозуни пардохт муроҷиат намоянд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку