29.09.2014
0,7 фоиз - сатҳи таваррум дар моҳи август
Тавре аз маълумоти расмӣ бармеояд, дар моҳи августи соли равон сатҳи таваррум 0,7 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 фоиз паст аст. Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ бошад, ин нишондиҳанда ба 5,4 фоиз баробар шуд.
Яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ - меъёри бозтамвил баъди тағийрёбии охир дар охири моҳи августи соли равон то ба имрӯз бетағйир боқӣ монда, дар айни замон 5,9 фоизро ташкил медиҳад.
Хадамоти матбуоти
БМТ