30.09.2014
Афзоиши пасандозҳои шахсони воқеӣ идома дорад
Зиёд шудани пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба воситаи ҷалби онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ идома дорад. Бақияи амонатҳо тибқи маълумотҳои оморӣ дар охири моҳи августи соли ҷорӣ 6’167,9 млн.сомониро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16,9 фоиз зиёд аст.
Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 34,1 фоиз (2’101,6 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 65,9 фоиз (4’066,3 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст.
Баъди ҷамъбасти маълумотҳои оморӣ дар ҳашт моҳи соли 2014 маълум гардид, ки фоизҳои миёнавазни амонатҳо бо пули миллӣ 15,11 фоизи солона ва амонатҳо бо асъори хориҷӣ 12,11 фоизи солонаро ташкил намуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ