01.10.2014
Талаботи аҳолӣ ба қарз таъмин гашта истодааст
Таҳлил ва ҷамъбасти бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави кишвар дар моҳи августи соли равон нишон дод, ки нишондиҳандаи мазкур ба 8’944,6 млн. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,9 фоиз зиёд шудааст. Чун моҳи гузашта дар ин давра низ раванди афзоиши қарзҳои дарозмуҳлат идома ёфта, 3 865,9 млн. сомониро ташкил дод.
Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 24,95 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,23 фоизи солонаро ташкил намуданд.
Бинобар зиёд гардидани талаботи аҳолӣ ба қарзҳои хурд ҳаҷми ин намуди хизматрасонии бонкӣ дар моҳи август раванди афзоишро идома дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 28,6 фоиз зиёд шуд. Аз он ҷумла, 745,8 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 24,1 фоиз зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти
БМТ