Меъёри бозтамвил ба андозаи 1,0 банди фоизӣ тағйир ёфт

Бойгонии ахбор
09.10.2014

Меъёри бозтамвил ба андозаи 1,0 банди фоизӣ тағйир ёфт

   Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ бинобар зиёд гардидани таъсири фишорҳои таваррумӣ ба иқтисодиёт меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистонро ба андозаи 1,0 банди фоизӣ баланд кард. Тибқи ин қарор нишондиҳандаи номбурда дар сатҳи 6,9 фоизи солона муқаррар гардид.
    Дигаргунии мазкур ҳамчунин бо мақсади паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ ва муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот ворид карда шудааст.
    Маротибаи охир меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон 19 майи соли равон ба андозаи 1,1 банди фоизӣ баланд карда шуда буд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку