16.10.2014
Бо агентии рейтингии Standard&Poor’s шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди фазои сармоягузорӣ бо агентиҳои эътирофшудаи ҷаҳонӣ, ки мақоми намоён ва муҳим дар низоми баҳогузорӣ доранд, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мемонад.
Аз ҷумла, 16 октябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон созишномаҳои ҳамкорӣ бо агентии байналмилалии рейтингии Standard&Poor’s барои гирифтани рейтинги баҳогузории кредитии мамлакат ба имзо расид.
Илова бар ин, дар айни замон гуфтушунид дар мавриди ба имзо расонидани шартномаи ҳамкорӣ бо агентии рейтингии байналмилалии Moody’s идома дорад.
Хадамоти матбуоти
БМТ