Таварруми нуҳмоҳа 5,7 фоизро ташкил намуд

Бойгонии ахбор
22.10.2014

Таварруми нуҳмоҳа 5,7 фоизро ташкил намуд

    Мувофиқи иттилои Агентии омори ҷумҳурӣ дар моҳи сентябри соли равон сатҳи таваррум муътадил ва устувор буд. Нишондиҳандаи мазкур дар ин моҳ 0,2 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 фоиз паст аст. Дар давраи январ-сентябри соли ҷорӣ бошад, сатҳи таваррум, 5,7 фоизро ташкил дод. Дар давоми 12 моҳ ин нишондиҳанда ба 6,6 фоиз баробар шуд.
    Яке аз фишангҳои дигари сиёсати пулию қарзӣ - меъёри бозтамвил 3 октябри соли равон бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ бинобар зиёд гардидани таъсири фишорҳои таваррумӣ ба иқтисодиёт дар сатҳи 6,9 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку