Тамоюли зиёдшавии бақияи пасандозҳои шахсони воқеӣ идома дорад

Бойгонии ахбор
23.10.2014

Тамоюли зиёдшавии бақияи пасандозҳои шахсони воқеӣ идома дорад

    Тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, тамоюли зиёдшавии бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии кишвар идома дорад. Нишондиҳандаи мазкур дар моҳи сентябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 фоиз афзуд.
    Таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо дар нуҳ моҳи соли равон аз 34,5 фоиз (2’167,4 млн. сомонӣ) пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 65,5 фоиз (4’109,1 млн. сомонӣ) пасандозҳои шахсони воқеӣ иборат мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳиссаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар ҳаҷми умумии ин маблағҳо рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.
   Дар ин давра фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,10 фоиз ва пасандозҳо бо асъори хориҷӣ 12,04 фоизи солонаро ташкил намуданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку