24.10.2014
Афзоиши пешниҳоди қарзҳои дарозмуҳлат
Афзоиши мунтазами бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ таъмин гашта истодааст. Масалан, ин нишондиҳанда дар моҳи сентябри соли равон 9’160,9 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,9 фоиз зиёд аст. Илова бар ин, дар ин давра низ раванди афзоиши пешниҳоди қарзҳои дарозмуҳлат идома ёфта, 3’980,8 млн. сомониро ташкил кард.
Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар дар нуҳ моҳи соли равон бо пули миллӣ 24,72 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,30 фоизи солонаро ташкил намуданд.
Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар моҳҳои январ-сентябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,0 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, 839,3 млн. сомонӣ қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон дода шудааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25,7 фоиз зиёд аст.
Хадамоти матбуоти
БМТ