28.10.2014
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба зинаи баландтар баромад
24 октябри соли ҷорӣ дар Париж (Фаронса) ҷаласаи Пленарии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) қарори баланд бардоштани мавқеъи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт қабул намуд.
Тибқи ин қарор, бинобар пурра мутобиқ гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) ва мавриди амал қарор гирифтани онҳо, Тоҷикистон аз реҷаи мониторинг бароварда шуда ба қатори кишварҳое, ки комилан ба талаботҳои ин ташкилот ҷавобгӯ ҳастанд ворид карда шуд.
Қабули ин қарор мавқеъи сармоягузории кишварро беҳтар намуда, имкониятҳои иловагиро барои рушди иқтисодию иҷтимои мамлакат фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти
БМТ