29.10.2014
Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нуҳ моҳи соли 2014
28 октябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки раисони бонкҳо, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Бюрои қарзӣ, Хазинаи суғуртаи амонати шахсони воқеӣ ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди ҷумҳурӣ ҷиҳати ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нуҳ моҳи соли 2014 ҷаласа баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов ҷаласаро ифтитоҳ намуда, доир ба бурду бохти низоми бонкии кишвар дар давраи ҳисоботӣ ибрози ақида намуд.
Сипас Директори Департаменти сиёсати пулӣ М.Ташрифов ва Директори Департаменти назорати бонкӣ Т.Ҳақназаров ба аҳли нишаст оид ба вазъи макроиқтисодӣ-молиявӣ ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нуҳ моҳи соли равон маълумот доданд.
Иштирокдорони ҷаласа барои беҳтар намудани фаъолияти низоми бонкии кишвар ва масъалаҳои ҳалталаби соҳа табодули назар намуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ