05.11.2014
Тоҷикистон чун кишвари беҳтарини ислоҳотгар дар пешбурди соҳибкорӣ дар ҷаҳон эътироф шуд
Мутобиқи ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ мавқеи Тоҷикистон дар самти “Пешбурди соҳибкорӣ барои соли 2015” 11 зина, яъне аз 177 то ба 166 зина боло рафта, нишондиҳандаҳои беҳтаринро дар ҷаҳон соҳиб шуд.
Аз ҷумла, барои комёб шудан ба ин натиҷа, саҳми болоравии бахши “Дастрасии соҳибкорон ба қарзҳо” 62 зина ва “Андозбандӣ” 15 зина муассир буд.
Чунин комёбӣ ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва баланд шудани рейтинги кишвар такони бузурге бахшида, ба фаъол гардидани ҷалби сармоя ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар нақши мусбӣ хоҳад бозид.
Ҳамзамон, Бонкӣ Ҷаҳонӣ ба он назар аст, ки андешидани чунин тадбирҳои судманд метавонад минбаъд низ барои беҳтар гардидани рушди бахши соҳибкорӣ дар кишвар имконияти фарох ба миён оварад.
Хадамоти матбуоти
БМТ