07.11.2014
Қурби долл. ИМА каме баланд ва қурбҳои рубли русӣ ва евро бошад, боз каме паст шуданд
Ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 5,2294-5,2860 сомониро ташкил намуд.
Дар ин миён қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро бошад, боз каме паст шуда, мувофиқан 0,1144-0,1158 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,4834-6,5008 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
Имрӯз, 7 ноябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 5,2660-5,2860 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 5,2850-5,3000 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 5,2800-5,3000 сомонӣ баробар аст.
Хадамоти матбуоти
БМТ