Идомаи Ҷаласаи 21 Пленарии Гуруҳи Авросиё оид ба муқовимат ба шустани пул ва маблағгузории терроризм

Бойгонии ахбор
12.11.2014

Идомаи Ҷаласаи 21 Пленарии Гуруҳи Авросиё оид ба муқовимат ба шустани пул ва маблағгузории терроризм

    Имрӯз Ҷаласаи 21 Пленарии Гуруҳи Авросиё оид ба муқовимат ба шустани пул ва маблағгузории терроризм кори худро идома дода истодааст.
    Мутобиқи барномаи кории Ҷаласаи 21 Пленарии Гуруҳи Авросиё имрӯз Конфронси илмӣ - тадқиқотӣ оид ба 10 - солагии таъсиёбии Гуруҳи Авросиё баргузор мегардад.
    Дар рафти конфронси илмӣ - тадқиқотӣ бахшида ба 10 - солагии таъсисёбии Гуруҳи мазкур доир ба аҳамияти хосаи ин ташкилот дар рушди муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баромади махсус манзур мегардад ва ҳамзамон як қатор намояндагон ва роҳбарони сохторҳои марбутаи давлатҳо, ки дар ин соҳа саҳми босазо гузоштаанд бо медали 10 - солагии таъсисёби Гуруҳи Авросиё қадрдонӣ мегарданд.
    Тибқи барнома дирӯз Ҷаласаи 4 - уми Шӯрои Роҳбарони мақомотҳои кашшофии молиявии давлатҳо – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кори худро ба итмом расонида, доир ба масълаҳои пешниҳодшуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.
    Ҳамчунин дирӯз ҷаласаҳои Гуруҳҳои корӣ кори худро ба итмом расонида, доир ба ҷараёни баргузории ҷаласаҳои хеш ва қабули масъалаҳои марбута хулосаҳоро барои пешниҳод ба Ҷаласаи 21 Пленарии Гуруҳи Авросиё, ки рӯзҳои 13-14 ноябри соли 2014 баргузор мегардад, омода намуданд.

Хадамоти мабуоти
БМТ

Возврат к списку