Рӯзи 13 ноябри соли равон низ Ҷаласаи 21 Пленарии Гуруҳи Авросиё кори худро идома дод ва тибқи барнома дар мадди аввал қисми пушидаи он бо иштироки намояндагони давлатҳои аъзои Гуруҳи Авросиё баргузор гардид ва масъалаҳои ташкилӣ, вобаста ба буҷети созмони мазкур ва тартиби гузаронидани аудити навбатии он баррасӣ ва муҳокима гардида, санадҳои дахлдор қабул карда шуд.
Сипас ҳисоботи ҷамъбастии гуруҳҳои корӣ оид ба ҷараёни фаъолияти онҳо шунида шуда, як қатор масъалаҳои пешниҳоднамудаи онҳо дар рафти ҷаласаи умумӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, нисбати онҳо бо назардошти пешниҳоди иштирокчиёни ҷаласа хулосаҳои мувофиқашуда бароварда шуданд.
Ҳамзамон Роҳбари Гуруҳи корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур ва хулосаи махсуси Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) –ро оиди баровардани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҷаи махсусӣ ин ташкилот ба ҳозирини ҷаласа манзур намуд.
Вобаста ба хориҷ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҷаи назоратии Гуруҳи Авросиё низ қарори якдилона қабул кард.
Тибқи барнома Ҷаласаи 21 Пленарии Гуруҳи Авросиё пагоҳ, 14 ноябр идома хоҳад ёфт, ки дар рафти он масъалҳои муҳим оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва мабалағгузории терроризм муҳокима хоҳанд шуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ