БМТ чораҳои зарурӣ андешида истодааст

Бойгонии ахбор
14.11.2014

БМТ чораҳои зарурӣ андешида истодааст

Ҷавоб ба мақолаи хабарнигори рӯзномаи Азия-Плюс Маҳастӣ Дустмуродова

    Воқеан тағйирёбиҳои қурбие, ки чанд ҳафта инҷониб дар бозори дохилии асъор вобаста ба вазъи берунӣ-иқтисодӣ, яъне таъсири бардавоми буҳрони сиёсию иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони савдо мушоҳида мешаванд, то андозае ба болоравии нархи баъзе аз маҳсулоти асосии воридотӣ таъсири худро расонид. Айни замон, тағйирёбии мазкур танҳо дар нархи орд, ки дар мақолаи мазкур зикр гардидааст, дида мешавад. Аммо, чунин тағйирёбиҳо дар дигар маҳсулотҳои воридшаванда дар бозорҳои дохилӣ то ҳол ба назар намерасад.
    Бояд таъкид намуд, ки ба ҳаргуна эҳсосот ва ҳангома дода шудани шаҳрвандон боиси зиёд гардидани омилҳои интизорӣ шуда, барои бо мақсадҳои ҳаннотӣ боло бурдани нархи мол дар бозор сабаб шуда метавонад. Аз ин лиҳоз, ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки оромию таҳаммул барои устувор нигоҳ доштани нархҳо дар бозор махсусан муҳим мебошад. Зеро, тибқи интизориҳо раванди мазкур хусусияти кӯтоҳмуддат ва муваққатӣ дошта, бо паст гардидани фишорҳои қурбӣ, нархи маҳсулоти воридотӣ чун солҳои пешин ба нуқтаи мувозинатӣ (аввала) бармегардад.

Тағйирёбии миёнамоҳонаи нархи маҳсулотҳо дар кишвар дар солҳои 2010 - 2014 (1кг/сомонӣ)



    Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати пешгирии таъсири фишорҳои қурбӣ ба низоми молиявии кишвар мудохилаҳои асъориро анҷом дода, барои роҳ надодан ба ҳаннотӣ дар бозори дохилии асъор чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку