14.11.2014
Вазъи қурби асъори хориҷӣ тадриҷан муътадил мегардад
Дар айни замон тағйирёбии аз эътидол беруни қурбҳои асъор дар аксари бозорҳои молиявии ҷаҳон мушоҳида мешавад. Қурбҳои асъор табиатан бузургии хеле ҳассос буда, таҳти таъсири на танҳо омилҳои макроиқтисодӣ, балки омилҳои зиёди дигаре, ки ба талаботу пешниҳоди асъор дар бозор таъсир мерасонанд, қарор доранд.
Тағйироте, ки дар минтақа ба вуқуъ омада истодаанд, ба талаботи асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ таъсири бевосита мерасонанд.
Аз ҷумла, пастравии қурби рубли русӣ ба таносуби бахшҳои тавозуни пардохт, бахусус маблағгузории касри манфии амалиётҳои тиҷоратӣ таъсири бевосита мерасонад.
Бо мақсади пешгирии оқибатҳои манфии ин раванд ба бозори истеъмолии дохилӣ, Бонки миллии Тоҷикистон барои бартараф кардани тағйирёбии аз эътидол беруни талабот ё пешниҳоди асъор мудохилаҳои асъориро анҷом дода истодааст.
Дар назар аст, ки дар ҳолати паст шудани шиддати тағйироти қурбии бозори молиявии ҷаҳон, ки хусусияти кутоҳмуддат ва муваққатӣ дорад ва бо андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон вазъи қурби асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ низ тадриҷан ба эътидол меояд.
Хадамоти матбуоти
БМТ