Ҷаласаи 21 Пленарии Гуруҳи Евросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар ш.Душанбе анҷом ёфт

Бойгонии ахбор
14.11.2014

Ҷаласаи 21 Пленарии Гуруҳи Евросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар ш.Душанбе анҷом ёфт

    Субҳи имрӯз, 14 ноябри соли равон, тибқи барнома Ҷаласаи 21 Пленарии Гуруҳи Авросиё кори худро идома дод.



    Дар ҷараёни ҷаласа ҷамъбасти фаъолияти гуруҳҳои корӣ оид ба давраи ҳисоботӣ шунида шуда, масъалаҳои нави татбиқи рукнҳои Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) мавриди музокираи умумии хозирин қарор гирифт ва бо назардошти таклифу пешниҳодҳои иштирокдорони ҷаласа хулосаҳои мувофиқашуда бароварда шуданд.             
   Инчунин дар маҷлис ҳисоботи Котиботи Гуруҳи Авросиё дар соли 2014 ва нақшаҳои ояндаи Котиботи мазкур барои соли 2015 шунида шуд ва барои гузаронидани Ҷаласаи 22 Пленарии Гуруҳи Авросиё дар моҳи майи соли 2015 дар ш.Тошканд қарор қабул карда шуд.



    Дар қисми дуюми рӯз Ҷаласаи 21 Пленари Гуруҳи Авросиё кори худро ба итмом расонида, хулосаи натиҷавиашро ба кишварҳои аъзо, ташкилотҳо ва кишварҳои нозир, инчунин ба мақомотҳои даъватшуда манзур менамояд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку