Таварруми моҳона - 0,4 фоиз

Бойгонии ахбор
24.11.2014

Таварруми моҳона - 0,4 фоиз

    Сатҳи таваррум дар моҳи октябри соли ҷорӣ низ нисбатан муътадилӣ ва устувории худро нигоҳ дошт. Тавре аз маълумотҳои расмӣ бармеояд, таваррум дар ин моҳ 0,4 фоизро ташкил намуд, ки ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 фоиз зиёд аст. Нишондиҳандаи мазкур дар давраи январ-октябри соли равон 6,1 фоиз ва дар зарфи 12 моҳи охир бошад, 6,7 фоизро ташкил дод.
    Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги сиёсати пулию қарзӣ бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 октябри соли ҷорӣ 6,9 фоиз муқаррар карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку