Талабот ба қарз қонеъ мегардад

Бойгонии ахбор
26.11.2014

Талабот ба қарз қонеъ мегардад

    Бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии кишвар дар интиҳои моҳи октябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,2 фоиз зиёд гардид. Аз ҷумла, 3 847,3 млн. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва 5 424,0 млн. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил доданд. Дар таркиби бақияи қарзҳо 55,6 фоиз (5 157,5 млн. сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 44,4 фоиз (4 113,8 млн. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.
    Фоизи миёнавазни қарзҳо дар даҳ моҳи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 24,72 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,43 фоизи солонаро ташкил намуданд.
    Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар давраи ҳисоботӣ афзун гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,1 фоиз зиёд гардид. Аз ин ҳисоб ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон 939,0 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,6 фоиз зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку