Қурби долл. ИМА андаке баланд ва қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме паст шуданд

Бойгонии ахбор
11.12.2014

Қурби долл. ИМА андаке баланд ва қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме паст шуданд

    Дар давоми ҳафтае, ки давом дорад, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА андаке баланд шуда, ба ҳисоби миёна то 5,4490-5,4680 сомонӣ расид.
    Дар ин рӯзҳо қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро бошад, каме паст шуда, мувофиқан 0,1004-0,1015 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,5800-6,6050 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
    Имрӯз, 11 декабр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,4740-5,4950 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,4800-5,5000 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 5,4500-5,4700 сомониро ташкил доданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку