Қурби долл. ИМА нисбатан баланд шуд

Бойгонии ахбор
18.12.2014

Қурби долл. ИМА нисбатан баланд шуд

    Тайи ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ нисбатан баланд шуда, ба ҳисоби миёна то ба 5,5790-5,6020 сомонӣ расид.
   Ҳамзамон қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ паст шуда, мувофиқан 0,0860-0,0875 сомонӣ ба як рубли русӣ, қурби миёнаи амалиётҳо бо евро бошад, каме баланд гардида, мувофиқан 6,7175-6,7390 сомонӣ ба як евро баробар шуд.
     Имрӯз, 18 декабр қурбҳои миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,6130-5,6340 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,6500-5,6800 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,6300-5,6500 сомониро ташкил намуданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку