24 декабри соли равон Бонки миллии Тоҷикистон Маркази варзиширо, ки пас аз тармими асосӣ ҳусни тоза ба худ гирифтааст, ба таври расмӣ ифтитоҳ намуд.
Дар ин чорабинӣ Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, намояндагони дахлдори мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияи Сино, кормандони масъули БМТ иштирок варзиданд.
Маркази варзишии Бонки миллии Тоҷикистон дорои толорҳои барҳаво ва замонавии тамрин аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили вазнбардорӣ, гимнастика, волейбол, баскетбол ва тениси рӯи миз, ки бо таҷҳизоти зарурии варзишӣ муҷаҳҳаз шудаанд, мебошад. Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик толорҳои нави машқ, аз ҷумла футбол ва дигар намудҳои варзиш омода ва пешкаши ҳаводорони ҳаёти солим гардонида мешаванд.
Маркази мазкур ҳамчунин имконият дорад, ки бо машқҳои варзишӣ ва беҳдошти саломатӣ сокинони пойтахтро низ фаро гирад.
Хадамоти матбуоти
БМТ