Маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” 5 - сола шуд

Бойгонии ахбор
25.12.2014

Маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” 5 - сола шуд

    Таҷлили ҷашни фархундаи 5 - солагии фаъолияти маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон”дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ ва муаллифони фаъоли нашрия баргузор шуд.



    Дар маросими тантанавӣ фаъолияти панҷсолаи маҷалла, бурду бохти он мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷумла қайд гардид, ки аҳли қалами маҷалла тавонист дар ин муддат бо мазмуну муҳтавои баланд ва ахбори саҳеҳу саривақтӣ доираи хонандагонашро васеъ гардонад. Мушахассоти тамос бо маҷалла чунин аст: (www.nbt.tj, majalla@nbt.tj, тел: +992 (44) 600-34-93, (44) 600-31-24).

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку