Пасандозҳои шахсони воқеӣ афзуданд

Бойгонии ахбор
29.12.2014

Пасандозҳои шахсони воқеӣ афзуданд

    Бақияи пасандозҳо дар интиҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 19,5 фоиз афзуда, ба 6’555 млн. сомонӣ баробар шуд.
    Дар таркиби бақияи пасандозҳо дар ин давра ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст. Аз ҷумла, 36,0 фоиз ё 2’360,3 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,0 фоиз ё 4’194,8 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил доданд.
    Фоизҳои миёнавазни пасандозҳо дар ин давра бо пули миллӣ 15,15 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,98 фоизи солонаро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,68 фоиз паст ва 0,36 фоиз баланд мебошанд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку