Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме паст шуд

Бойгонии ахбор
15.01.2015

Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме паст шуд

    Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар давоми ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна то ба 5,6250-5,6470 сомонӣ расид.
   Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме паст шуда, мувофиқан 0,0880-0,0900 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,5030-6,5260 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
  Имрӯз, 15 январ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,6500-5,6700 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,6500-5,6800 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,6500-5,6900 сомониро ташкил намуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку