Дастрасии бахши соҳибкории хурду миёна ба маблағгузорӣ беҳтар мегардад

Бойгонии ахбор
22.01.2015

Дастрасии бахши соҳибкории хурду миёна ба маблағгузорӣ беҳтар мегардад

   21 январ дар ш. Душанбе бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ ва Котиботи давлатии Швейтсария оид ба корҳои иқтисодӣ конфронс дар мавзӯи “Дастрасии соҳибкорон ба қарзҳо” дар баҳодиҳии фазои соҳибкории Тоҷикистон с.2016 – омили беҳбудӣ ва пешрафт” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Муовини Сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон, роҳбари доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверс Картер ва масъулини вазорату ташкилотҳои қарзӣ ширкат варзиданд.
    Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон зимни суханронии худ қайд намуд, ки ин чорабинӣ роҳҳои ислоҳоти бахши мубодилаи иттилооти қарзӣ ва рушди низоми гарави амволи манқул вусъат бахшида, татбиқи он барои самаранокии низоми маблағгузорӣ ва дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба маблағгузорӣ шароити мусоид муҳайё хоҳад намуд.



    Дар идомаи чорабинии мазкур Раиси Бонки миллии Тоҷикистон А.Ширинов изҳор намуд, ки дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти зарурӣ ва ба туфайли тадбирҳои андешидашуда, дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ барои соли 2015” Тоҷикистон дар бахши имконияти дастрасии соҳибкорон ба қарзҳо аз рӯи баҳодиҳии Бонки Ҷаҳонӣ 62 зина боло рафта, дар байни 10 кишвари пешқадами ислоҳотгар нишондиҳандаи беҳтаринро соҳиб шуд. Ва моро зарур аст, ки барои тақвияти ин комёбӣ корҳои зиёдеро анҷом диҳем.
    Дар ҷараёни кори конфронс мутахассисони ватанӣ ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои муҳокимашаванда суханронӣ намуда, барои идома додани ислоҳот дар самти баҳодиҳии ҷаҳонии фазои соҳибкорӣ дар кишвар фикру андеша ва пешниҳодҳои ҷолиб манзур намуданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку