05.02.2015
Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме паст шуданд
Дар чанд рӯзи гузаштаи ҳафтаи ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА нисбатан паст шуда, ба ҳисоби миёна аз 5,6980-5,7100 то ба 5,6850-5,7050 сомонӣ фаромад.
Ҳамчунин, қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро дар ин рӯзҳо каме паст шуда, 0,0810-0,0830 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,3350-6,3970 сомонӣ ба як евро баробар шуд.
Имрӯз, 5 феврал қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,6800-5,7000 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,6900-5,7100 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,6800-5,7000 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ