Масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд

Бойгонии ахбор
06.02.2015

Масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд

    Машварати навбатии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо раисони бонкҳо, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Бюрои қарзӣ, Хазинаи суғуртаи амонати шахсони воқеӣ ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Вазъи низоми бонкӣ дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015” субҳи 5 феврали соли равон баргузор гардид.

 

    Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар рафти мулоқоти ҷолибу судманд изҳор намуд, ки дар соли қаблӣ меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ 3 банди фоизӣ паст ва бо асъори хориҷӣ 1 банди фоизӣ баланд карда шуда, мутаносибан дар сатҳи 2,0 ва 8,0 фоизи солона муқаррар гардиданд, дороиҳо ва ӯҳдадориҳои бонкҳо ба андозаи назаррас зиёд шуданд, афзоиши маблағгузории қарзӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар мушоҳида гардид, ҳаҷми пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ аз ҷониби онҳо афзуд.
    А.Ширинов диққати иштирокдорони машваратро ба якчанд масъалаи рӯзмарраи низоми бонкӣ – пурзур намудани талабот ба низоми идоракунии хавфҳо ҳангоми додани қарзҳо, рушди бозори коғазҳои қимматнок ва ташкили бозори такрории он, фоизҳои баланди қарзҳо, тавсеаи ҳамкориҳои ташкилотҳои қарзӣ бо Бюрои қарзӣ ва истифодаи бонкҳо аз маълумотҳои он, дастрасӣ ба қарзҳои хурд махсусан дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ, истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти кормандони бонкҳо, сатҳи пасти пешниҳоди ҳисоботҳо аз ҷониби баъзе аз ташкилотҳои қарзӣ, суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ғайра ҷалб намуд.



   Барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти муассисаҳои бонкӣ роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ дар ҷараёни суҳбат дархосту пешниҳодоти худро дар мавриди ҳалли қарзҳои проблемадор ва дидани чораҳо барои баргардонидани онҳо, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо роҳи ташкили рақобати солим дар байни бонкҳо, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, такмили қонунгузории бонкӣ, ташкили Гуруҳи корӣ барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаб ва рушди минбаъдаи низомӣ бонкӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон, меъёри захираҳои ҳатмӣ ва паст кардани фоизи қарзҳо пешниҳод намуданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку