Таварруми моҳона тамоюли муътадилиро идома дод

Бойгонии ахбор
26.02.2015

Таварруми моҳона тамоюли муътадилиро идома дод

Дар аввалин моҳи соли равон таваррум раванди устувории худро идома дода, дар сатҳи муътадил қарор дошт. Тибқи маълумоти расмӣ дар ин давра нишондиҳандаи мазкур 0,6 фоизро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Ин нишондиҳандаи муҳими макроиқисодӣ дар зарфи 12 моҳи охир ба 7,7 фоиз баробар шуд. Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги сиёсати пулию қарзӣ дар моҳи январ дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад. 

 Хадамоти матбуоти БМТ


Возврат к списку