Дар қисмати аввали ҳафтаи равон қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ баланд шуда, ба ҳисоби миёна 5,8780-5,8990 сомониро ташкил намуд. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ каме баланд шуда, мувофиқан 0,0930-0,0940 сомонӣ ба як рубли русӣ, ва 6,5290-6,5530 сомонӣ ба як евро баробар шуданд. Имрӯз, 26 феврал қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,9450-5,9650 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,9700-5,9900 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,9500-5,9700 сомониро ташкил дод.