Маълумоти расмӣ аз он шаҳодат медиҳанд дар моҳи январи соли равон ҳаҷми содироти мол 93,8 млн. долл. ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 23,1 млн. долл. ИМА ё 32,7 фоиз зиёд шудааст. Дар баробари ин, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми воридот 251,0 млн. долл. ИМА-ро ташкил дода, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 75,5 млн. долл. ИМА ё 23,1 фоиз коҳиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, бақия касри савдо барои моҳи январи соли равон -157,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба моҳи қаблӣ -127,1 млн. долл.ИМА ё 55,3 фоиз коҳиш ёфт.