Афзоиши пасандозҳои аҳолӣ идома дорад

Бойгонии ахбор
02.03.2015

Афзоиши пасандозҳои аҳолӣ идома дорад

Бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ баъди ҷамъбасти маълумотҳои моҳи январи соли равон маблағи 6’639,7 млн. сомониро ташкил намуд,ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,7 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла 2’187,1 млн. сомонӣ амонатҳо пули миллӣ ва 4’452,6 млн. сомонӣ бо асъори хориҷӣ ҷалб шудаанд. Агар ба таркиби бақияи пасандозҳо назар андозем, маълум мегардад,ки 36,1 фоиз (маблағи 2 400,2 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 63,8 фоиз (4 239,4 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
    Дар моҳи январ фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,24 фоиз ва пасандозҳо бо асъори хориҷӣ 11,81 фоизи солонаро ташкил намуданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку