Бақияи умумии қарзҳо 29,1 фоиз зиёд шуд

Бойгонии ахбор
03.03.2015

Бақияи умумии қарзҳо 29,1 фоиз зиёд шуд

Тибқи маълумоти омор бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар нахустин моҳи соли ҷорӣ 9’903,8 млн. сомониро ташкил намуда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 29,1 фоиз афзуд. Аз ин маблағ 3’961,5 млн. сомонӣ қарзҳо бо пули миллӣ ва 5’942,3 млн. сомонӣ бо асъори хориҷӣ рост меоянд. Дар моҳи январ низ раванди афзоиши қарзҳои дарозмуҳлат идома ёфта, он ба 4’766,5 млн. сомонӣ баробар шуд.
    Фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар дар моҳи январ бо пули миллӣ 26,52 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,67 фоизи солонаро ташкил намуд.
    Ҳамчунин дар аввалин моҳи соли равон ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда низ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 6,7 фоиз зиёд шуд. Аз ҷумла 88,5 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 фоиз зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку