12.03.2015
Тағйирёбии қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори нақд
Дар чанд рӯзҳои аввали ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА баланд шуда, ба ҳисоби миёна ба 6,2480-6,2770 сомонӣ расид.
Ҳамчунин дар ин миён, қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ каме баланд шуда, мувофиқан 0,1000-0,1015 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,6150-6,6360 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
Имрӯз, 12 март қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 6,3720-6,3920 сомонӣ, ш. Хуҷанд 6,4000-6,4200 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 6,3800-6,4000 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ