Вазъи қурби пули миллӣ ва таъмини устувории он муҳокима гардид Имрӯз, 13 марти соли равон бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба масъалаҳои марбут ба бозори асъор, болоравии қурби доллар нисбат ба сомонӣ ва дигар проблемаҳои рузмарраи низоми бонкии мамлакат барои рӯзноманигорон дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ибтидои суҳбат масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳозирин оид ба вазъи феълии бозори дохилии асъор, тадбирҳои дар рӯзҳои охир барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани тағйирёбии қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ андешидаи бонк мухтасар маълумот доданд.
Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки аз имрӯз сар карда Бонки миллии Тоҷикистон фурӯши мустақими доллари ИМА-ро дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қатъ мекунад. Бинобар сабаби он ки баъзе корчаллонҳо аз чунин тарзи кор истифода бурда, ба таври сунъӣ қурби долларро боло мебурданд, тасмим гирифта шуд, ки аз ин баъд Бонки миллӣ ба бозори асъор тавассути бонкҳои тиҷоратии кишвар дахолат мекунад. Дар рафти нишасти хабарӣ қайд гардид, ки тақрибан то як-ду ҳафта пеш чораҳои андешидаи бонк ба бозори асъор таъсирнок буданд. Аммо тавре мушоҳидаҳо нишон доданд, се рӯзи охир мардум то андозае дар таҳлука афтодаанд, ки заруру бидуни он доллар мехаранд, ки ин ҳам боиси боло рафтани қурби он шуда истодааст. Дар робита ба ин, масъулини Бонки миллӣ аз мардум даъват карданд, ки бе зарурат аз хариди доллар худдорӣ намоянд ва беҳтар аз ҳама пасандозҳояшонро бо пули сомонӣ нигоҳ доранд. Дар нишасти матбуотӣ, ки зиёдтар аз як соат идома ёфт, ба саволҳои хабарнигорон дар мавриди ҳаҷми захираҳои тиллоию асъорӣ, пешгӯйи қурби асъор, ташкили бонкҳо аз рӯи талаботи бонкдории исломӣ, зарурияти тағйир додани меъёри бозтамвил, идомаи мудохилаҳо ба бозори асъори нақд, истифодаи асъори хориҷӣ дар муомилоти савдо ва таъсири он ба болоравии қурби асъор, дар бораи таъсиси Шӯро оид ба рушди низоми бонкӣ ва ғайра ҷавобҳои муфассал дода шуд.
Дар фуроварди суҳбати ҷолиб ва судманд намояндагони воситаҳои ахбори омма ба ҳамкории дуҷониба ба хотири таъмин намудани муътадилии сатҳи нархҳо, таваррум ва тағйирёбии қурби асъори хориҷӣ даъват карда шуданд. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки бонк дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи бозори асъор ба кӯмаки хабарнигорони дилсӯзи миллат ниёз дорад. Зеро ҳалли муваффақонаи ин масъала танҳо аз низоми бонкии ҷумҳурӣ вобаста нест ва он дар ҳамкорӣ ва кӯшиши якҷояи мақомоту ташкилотҳои ватанӣ ҳалли худро хоҳад ёфт. Хадамоти матбуоти БМТ