Вазъи мураккаби сиёсӣ дар дунё, ноустувории ҳолати сиёсию-иқтисодии кишварҳои шарикони савдо ва номуътадилии нархи маҳсулоти асосии содиротии ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба афзоиши фишорҳои қурбӣ, касри тавозуни савдо ва то андозае ба сустшавии фаъолнокӣ дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар таъсири худро расонид.
Дар натиҷа Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ду моҳи аввали соли равон ба 4,8 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он 5,2 фоизро ташкил намуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,9 банди фоизӣ коҳиш ёфтани суръати афзоиши ММД-и воқеӣ, пеш аз ҳама бо сабаби паст гардидани унсури талабот дар иқтисодиёти ҷаҳон ва ноустувории иқтисодиёти кишварҳои шарикони асосии савдо, ки аз нимсолаи дуюми соли 2014 инҷониб бештар ба мушоҳида расида буд, ба миён омад.
Сарфи назар аз он дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ раванди рушди истеҳсол ва пешниҳоди молу маҳсулоти ватанӣ дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз ҷумла, маҳсулоти саноатӣ 13,7 фоиз, гардиши савдои чакана 9,8 фоиз, кишоварзӣ 5,9 фоиз ва сохтмон 0,1 фоиз ба қайд гирифта шуд.
Дар шароити буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ кам шудани талаботи дохилӣ ва пастравии нархи маҳсулоти воридшаванда ба коҳиш ёфтани сатҳи таваррум дар кишвар замина гузошт. Дар натиҷа сатҳи таваррум дар ин давра 0,7 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 банди фоизӣ кам мебошад.
Ин нишондиҳандаи муҳими макроиқисодӣ асосан аз ҳисоби болоравии нархи хизматрасонии пулакӣ 1,0 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ 0,9 фоиз ва ғайрихӯрокворӣ 0,3 фоиз ба вуҷуд омад.
Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таварруми аслӣ дар ин давра бо нишондиҳандаи манфӣ ҷамъбаст гардида - 0,7 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 банди фоизӣ кам мебошад.
Таваррум ва таварруми аслӣ (тағйирёбии моҳона)
Дар давоми ду моҳи аввали соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷӣ 615,4 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,8 фоиз кам гардид. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил 21,5 фоиз ва бо кишварҳои хориҷаи дур 9,9 фоиз коҳиш ёфт. Коҳишёбии мазкур ба номуътадилии авзои сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон, коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқолҳои пулӣ ва дар ин замина кам гардидани талаботи аҳолӣ алоқамандӣ дошт.
Ҳаҷми содироти молҳо ба 149,4 млн. долл. ИМА ва воридоти молҳо ба 466,0 млн. долл. ИМА расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 11,6 фоиз зиёд ва 22,0 фоиз кам мебошад.
Дар робита ба ин, тавозуни савдои кишвар дар ин давра манфӣ ташаккул ёфта, касри он 316,6 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 32,8 фоиз кам мебошад.
Кам шудани касри тавозуни савдои ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, дар натиҷаи коҳишёбии талабот ба маҳсулоти воридотӣ, аз қабили сохтмонӣ, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ, маҳсулоти маъданӣ, инчунин нисбатан зиёд гардидани ҳаҷми содирот, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш ёфтани қурби пули миллӣ ба миён омад.
Хадамоти матбуоти
БМТ