Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме баланд шуданд

Бойгонии ахбор
19.03.2015

Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме баланд шуданд

Дар рӯзҳои аввали ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 6,2700-6,2900 сомониро ташкил намуд.
Дар ин рӯзҳо қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро бошад, каме баланд шуда, мувофиқан 0,1020-0,1030 сомонӣ ба як рубли русӣ ва ба 6,6170-6,6350 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
Имрӯз, 19 март қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 6,2600-6,2800 сомонӣ, ш. Хуҷанд 6,2600-6,2800 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 6,2600-6,2800 сомониро ташкил дод.

 Хадамоти матбуоти БМТ

Возврат к списку