БАТИ маблағгузории савдоро дастгирӣ менамояд

Бойгонии ахбор
30.03.2015

БАТИ маблағгузории савдоро дастгирӣ менамояд

Бонки Аврупоии таҷдид ва инкишоф (БАТИ) дастгирии рушди савдои байналхалқиро дар Тоҷикистон бо воситаи ҷудо кардани маблағгузорӣ ва ташкил намудани барномаҳои таълимӣ идома дода истодааст.
Имрӯз, 30 март дар чорчӯбаи Барномаи дастгирии рушди савдо (БДРС) бонки номбурда барои ҶСП АксесБонк Тоҷикистон хати нави маблағгузории савдоро боз намуд. Худи ҳамин рӯз, БАТИ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон бахшида ба қоидаҳои нави Палатаи байналхалқии савдо (ПБА) оид ба истифодаи Меъёрҳои байналхалқии амалияи бонкӣ (МБАБ) дар Бонки миллии Тоҷикистон семинар баргузор намуд.
Дар ифтитоҳи семинар Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов изҳор дошт: “Мо хушнудем, ки бароямон имконияте фароҳам омад, то чорабинии имрӯзаро баргузор намоем ва ба ин васила бонкҳои тиҷоратӣ тавонистанд маълумоти муҳимро ба даст оваранду кормандони онҳо дар бахши тағйироти охири амалияи бонкӣ таълим бигиранд.”
Роҳбари намояндагии БАТИ дар ҷумҳурӣ ҷаноби Ричард Ҷонс қайд намуд, ки расонидани кӯмакҳои техникӣ ва гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти ҳайати БАТИ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Номбурда изҳор дошт, ки дар кори семинар қариб 40 мутахассис оид ба маблағгузории савдо ва бонкдорон аз 10 бонки кишвар иштирок варзиданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку