01.04.2015
Содироти мол зиёд ва воридоти он коҳиш ёфтааст
Тибқи маълумоти расмӣ тамоюли афзоиши ҳаҷми содироти мол идома ёфта, дар моҳҳои январ-феврали соли равон 149,4 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 15,1 млн. долл. ИМА ё 11,2 фоиз зиёд аст.
Вале дар баробари ин, ҳаҷми воридот дар давраи ҳисоботӣ ба 466,0 млн. долл. ИМА баробар шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 139,3 млн. долл. ИМА ё 23,0 фоиз коҳиш ёфт.
Хадамоти матбуоти
БМТ