02.04.2015
Бақияи амонатҳо 17,5 фоиз афзуд
Ҷамъбасти маълумотҳои моҳи феврали соли ҷорӣ дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ нишон дод, ки бақияи амонатҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,5 фоиз афзуда, 6’663,4 млн.сомониро ташкил намуд. Дар таркиби бақияи амонатҳо пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ 34,1 фоиз ё 2’273,6 млн. сомонӣ амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва амонатҳои шахсони воқеӣ 65,9 фоиз ё 4’389,8 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Дар ду моҳи аввали соли 2015 фоизи миёнавазни амонатҳо бо пули миллӣ 15,34 фоизи солона ва амонатҳо бо асъори хориҷӣ 11,99 фоизи солонаро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ