Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори радиои “Озодӣ” Фарзон Муҳаммадӣ
-Иддае аз сокинон ва соҳибкороне, ки 7 моҳ ва ё як сол пеш аз бонкҳо бо доллар қарз гирифтаанд, бо паст шудани қурби сомонӣ нисбати доллар дар супоридани қарзҳояшон ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Чанде аз онҳо дар сӯҳбат бо мо зикр доштанд, ки мехоҳанд қарзҳояшонро бо ҳамон қурбе, ки дар вақташ гирифта буданд, бипардозанд. Аммо масъулони бонкҳо низ мегӯянд ба ин тарз гирифтани қарзҳои сокинон зиён меорад, чунки онҳо низ ҳамчун миёнарав бо қурби доллар аз бонкҳои ҷаҳонӣ гирифтаанд. Оё Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт чӣ тадбирҳоро андешидааст ва чӣ имкониятҳоро барои соҳибкорон фароҳам меорад? (Ба андешаи коршиносони иқтисодӣ ин гуна вазъ дар давлатҳои мутараққӣ аз ҳисоби буҷаи давлат бартараф карда мешудааст).
- Бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ, дастгирии соҳибкорон ва ҳифзи манфиатҳои мизоҷони ташкилотҳои қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо дастури худ муқаррар намуд, ки аз 21 марти соли 2015 сар карда қурби фурӯши асъори хориҷӣ барои мизоҷон-шахсони воқеие, ки фоиз ва қарзи асосии асъории худро бо сомонӣ тавассути мубодила пардохт менамоянд, набояд аз қурби фурӯши асъори нақди хориҷие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт муқаррар карда мешавад, баланд бошад. (Дастури Бонки миллии Тоҷикистон №081-190/863 аз 20.03. с.2015). Дар баробари ин, талабот ба миён гузошта шудааст, ки қурби асъори хориҷии аз муштариён ва ё аз бозори байнибонкии дохилӣ харидашуда бояд бо қурби на зиёдтар аз қурби хариди он ҷамъ то 1,0 (як) фоиз барои асъори ғайринақдӣ ва то 1,5 (якуним) фоиз барои асъори нақдӣ фурӯхта шавад.
Ба ғайр аз ин, тибқи Супориши Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 марти соли 2015 мутахассисони идораҳои дахлдори бонк барои санҷиши ҳолати риояи талаботи масъалаи мазкур ба ташкилотҳои қарзӣ, филиал ва дигар воҳидҳои сохтории онҳо сафарбар карда шуданд. Дар ҳолати ошкор гардидани вайронкуниҳои талабот нисбати нуқтаҳои мубодилаи асъор чораҳои таъсиррасонӣ андешида мешаванд.
-Дар Тоҷикистон чанд бонкҳои қарздиҳанда мавҷуд ҳастанд ва солона тибқи омор бо ҳисоби доллар чӣ қадар маблағ ба тоҷирону сокинон қарз дода мешавад?
-Дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳолати 31 марти соли ҷорӣ дар мачмуъ 138 адад ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла 17 адад бонк, 1 адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 42 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 42 адад ташкилоти қарзии хурд ва 36 адад фондҳои қарзии хурд фаъолият менамоянд, ки ҳамаи онҳо ҳуқуқи гузаронидани амалиётҳои қарзиро доранд.
Тибқи омори мавҷуда дар соли 2014 аз ҷониби бонкҳо ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ маблағи 8,444 млн. сомонӣ, аз ҷумла бо пули миллӣ 3,715 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 4,729 млн. сомонӣ қарз дода шудааст, ки аз он барои соҳибкорон 3,472 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Илова бар ин дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ дар маҷмуъ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ маблағи 1,077 млн. сомонӣ қарз дода шудааст, ки аз он 435, 7 млн. сомониро пули миллӣ ва 641, 1млн. сомониашро асъори хориҷӣ ташкил медиҳад. Дар ин давра ба соҳибкорон бошад, 522 2 млн. сомонӣ қарз дода шудааст.
Хадамоти матбуоти
БМТ